Гукеш Доммараҷу, ки бо муҳраҳои сафед бозӣ мекард, низоми Лондониро интихоб намуд. Ҷавоҳир Синдаров, ки бо муҳраҳои сиёҳ ҳунарнамоӣ мекард, стратегияи ҳарифро бо нақшаи муваффақи худ муқобил гузошта, тавонист мавқеи устуворро нигоҳ дорад.
Дар ҷараёни бозӣ ҳар ду шоҳмотбоз кӯшиш карданд, ки дар маркази тахтаи шоҳмот бартарӣ ба даст оранд. Аммо муҳраҳои сафед барои ҳамла шароити мусоид фароҳам оварда натавонистанд. Пас аз ҳаракати 20-ум, бинобар се маротиба такрор шудани мавқеи якхела, рақибон ба натиҷаи мусовӣ розӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ ҳисоб дар рақобат 1:1 мебошад. Синдаров дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ба шарофати нақшаи интихобкардааш ҳангоми бозӣ бо муҳраҳои сиёҳ ва бозҷобаҷогузории минбаъдаи муҳраҳо тавонистааст мавқеъро баробар кунад.
Даври сеюми рақобат имрӯз, соати 19:00 бо вақти Тошканд баргузор мешавад. Ин дафъа Ҷавоҳир Синдаров бо муҳраҳои сафед ва Гукеш бо муҳраҳои сиёҳ бозӣ хоҳанд кард. Пеш аз даври чорум шоҳмотбозон як рӯзи истироҳат хоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки рақобат барои унвони қаҳрамони ҷаҳон аз 14 бозии классикӣ иборат буда, ҳаҷми умумии ҷоизаҳои он 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.