Дар кори он аъзои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин намояндагони парламентҳои ҷавонони ду кишвар иштирок доранд.
Форум бо суханрониҳои Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбаева ва Раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон Соҳиба Ғафарова оғоз гардид.
Махсус таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарон, дӯстии шахсӣ ва эътимоди мутақобилаи сарони ду кишвар муносибатҳои байнидавлатӣ ба сатҳи иттифоқӣ расидаанд.
Зикр шуд, ки ду сол қабл сарони давлатҳо Шартномаи муносибатҳои иттифоқиро ба имзо расонида буданд. Ҷаласаи сеюми Шӯрои олии байнидавлатӣ, ки моҳи августи соли равон дар Тошканд баргузор гардид, боз як рӯйдоди муҳим дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор рафт. Дар доираи он президентҳо Шартномаи дӯстии абадиро ба имзо расониданд.
Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар низоми муносибатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҷойгоҳи муҳим доранд. Форуми нахустини байнипарлумонӣ моҳи июли соли 2025 дар Хива баргузор шуда буд.
Эъломияи Хива самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байнипарлумониро муайян намуда, аз азми қатъии ҷонибҳо барои минбаъд таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни ду кишвар шаҳодат дод.
Дар давраи сипаришуда ҳамкориҳои ду кишвар ба таври назаррас густариш ёфтанд. Муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ пайваста идома дорад. Даҳҳо санад ба имзо расида, дар самтҳои асосии муносибатҳои дуҷониба созишҳои муҳим ба даст оварда шудаанд.
Имрӯз лоиҳаҳои бузурги муштарак амалӣ гардида, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ густариш меёбанд, ҳамкориҳои байниминтақавӣ амиқтар мешаванд. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон беш аз 470 корхона бо иштироки сармояи Озарбойҷон фаъолият доранд, дар Озарбойҷон бошад, зиёда аз 130 ширкат бо иштироки сармоягузории Ӯзбекистон мавҷуданд.
Бо дарназардошти нақши махсуси парламентҳо дар татбиқи созишҳои байнидавлатӣ ва таъмини қонунгузории ислоҳот, ташаббус оид ба рушди ҳамкорӣ дар ду соли оянда аз рӯйи чор самти афзалиятнок пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, таъмини назорати парламентӣ аз болои иҷрои созишҳои дуҷониба, фаъол гардонидани иштироки минтақаҳо дар муколамаи байнипарлумонӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар майдонҳои байналмилалии парламентӣ, инчунин густариши робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи ин самтҳо мебошанд.
Ҳамчунин, аҳамияти рушди барномаҳои мубодилаи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои муштарак, ки ба ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии муштараки халқҳои ӯзбек ва озарбойҷон равона шудаанд, таъкид гардид.