Ба лоиҳаи рӯзномаи ҷамъомади умумӣ як қатор масъалаҳои муҳим, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва такмили қонунгузорӣ нигаронида шудаанд, ворид карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ҷамъомади умумӣ қонунҳо «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбаркунӣ», «Дар бораи таъсиси ордени “Ўзбекистон эҳтироми”» баррасӣ мешаванд.

Ҳамчунин, баррасии қонунҳое пешбинӣ шудааст, ки ба дастгирии минбаъдаи субъектҳои соҳибкорӣ ва пешниҳоди баъзе имтиёзҳои андозӣ ба онҳо, ҳавасмандгардонии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҷорӣ намудани низоми махсуси андозбандӣ барои онҳо ва танзими фаъолияти меҳнатиашон нигаронида шудаанд.

Ғайр аз ин, қонунҳое, ки ба таъмини тамоюли рақобатпазирӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиаи судӣ ва баланд бардоштани нақши адвокат дар амалисозии адолати судӣ, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муомилоти прекурсорҳо, пешгирии истиқомати ғайриқонунӣ дар биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии нотамом, такмили механизмҳои мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук нигаронида шудаанд, мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа инчунин қонунҳое ворид шудаанд, ки ба такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳифзи сирри давлатӣ, қонунгузории замин, фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ нигаронида шудаанд.

Сенаторон инчунин ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура мешунаванд.

Дар ҷамъомади умумӣ ҳамчунин натиҷаҳои дархости парламентӣ, ки ба Девони Вазирон оид ба вазъи мониторинги ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, техногенӣ ва экологӣ дар мамлакат ирсол шудааст, баррасӣ хоҳанд шуд.