Гузаронидани шаҳрвандон тавассути гузаргоҳи навсозишуда соати 16:00 оғоз меёбад. Пеш аз ин маросими расмии ифтитоҳи он бо иштироки ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад.

Имкониятҳои нави гузаргоҳ

Ҷониби Ӯзбекистон имкони хизматрасонӣ ба то 50 ҳазор нафар ва 1 500 автомашинаи сабукравро дар як шабонарӯз хоҳад дошт.

Ҷониби Қазоқистон бошад, метавонад дар як шабонарӯз то 70 ҳазор нафар ва 2 000 автомашинаи сабукравро қабул намояд.

Дар тарафи Ӯзбекистон барои нақлиёти сабукрав 16 хатти ҳаракат бо долонҳои «сабз» ва «сурх» муҷаҳҳаз карда шудааст. Ҳамчунин, сканери Z-портал насб гардидааст.

Навсозии гузаргоҳ имкон медиҳад, ки иқтидори гузарониши яке аз нуқтаҳои муҳими убури сарҳади Ӯзбекистону Қазоқистон ба таври назаррас афзоиш ёфта, барои шаҳрвандон шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварда шавад.