Мутобиқи иловаҳои ба Кодекси меҳнат воридгардида, дар соҳаи меҳнат ва фаъолияти касбӣ озори шаҳвонӣ иҷозат дода намешавад.
Зери мафҳуми озори шаҳвонӣ дар соҳаи меҳнат ва фаъолияти касбӣ нисбат ба шахс анҷом додани амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ фаҳмида мешавад, ки барои ӯ номатлуб буда, шаъну шараф ва қадру қиматашро таҳқир мекунанд. Чунин амалҳо метавонанд дар шакли шарҳу тавсифи намуди зоҳирӣ ё қаду қомати шахс, имову ишораҳо, даст расондан ва даъватҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ зоҳир гарданд.
Ҳамчунин, корфармо вазифадор карда шудааст, ки барои фароҳам овардани муҳити аз ҳар гуна озори шаҳвонӣ озод дар ҷамоаи меҳнатӣ тамоми чораҳои заруриро андешад.
Қонуни мазкур аз рӯзи интишори расмиаш мавриди эътибор пайдо мекунад.