Тибқи тағйироти ба Кодекси ҷиноятӣ воридшуда, муқаррар
шудааст, ки истихроҷ ё фурӯши ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва (ё) сангҳои қиматбаҳо
дар ҳолате ҷавобгарии ҷиноятиро ба бор меорад, ки агар чунин амалҳо баъд аз
татбиқи ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна қонуншиканиҳо содир шуда бошанд.
Ҳамчунин ба қисми VIII Кодекси ҷиноятӣ мафҳумҳои ҳуқуқии
«металлҳои қиматбаҳо» ва «сангҳои қиматбаҳо» ворид карда шуданд.
Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
воридшуда, истихроҷ ё фурӯши ғайриқонунии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо:
- бо ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз бо мусодираи
металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нисабти шахсоне, ки ба ҳабси маъмурӣ кашида
намешаванд, ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 андозаи воҳиди базавии ҳисоб пешбинӣ
шудааст.
Ин
Қонун аз рӯзи нашри расмии он эътибор пайдо мекунад.