Аз ин хизматрасонӣ шахсони зерин метавонанд истифода баранд:

мардон дар синни аз 58 то 60-солагӣ, ки собиқаи меҳнатиашон на камтар аз 25 сол аст;

Занон дар синни аз 53 то 55-солагӣ, ки собиқаи меҳнатиашон на камтар аз 20 солро ташкил медиҳад.

Кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

нусхаи фармон дар бораи қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ;

нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, агар маълумот оид ба собиқаи корӣ ҳанӯз пурра рақамикунонӣ нашуда бошад.

Тартиби муроҷиат чӣ гуна аст?

1. Ариза дар давоми ду рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.

2. Шаҳрванде, ки ҳамчун шахси дар ҷустуҷӯи кор ба қайд гирифта шудааст, бояд дар давоми 10 рӯз ба шуъбаи шуғли аҳолӣ муроҷиат намояд, то дархости мувофиқ оид ба бо кор таъмин шуданро дарёфт кунад.

3. Агар дар давоми се моҳи пас аз қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ барои шаҳрванд ҷойи кори мувофиқ пайдо карда нашавад, ӯ тибқи тартиби муқарраргардида бекор эътироф карда мешавад.

Пас аз ин ҳуҷҷати дахлдор оид ба пеш аз муҳлат ба нафақа баромадан омода гардида, барои таъини нафақа ба Фонди нафақа ба таври электронӣ ирсол карда мешавад.

Ин хизматрасонӣ ройгон аст.

Аризаро метавон бе ҳозир шудан ба идораҳои дахлдор, тавассути Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ — my.gov.uz пешниҳод намуд.