Тавре хабар дода мешавад, бор аз Қазоқистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд. Ин моддаи пешомада (прекурсор), ки интиқоли он танҳо бо иҷозатномаи махсус иҷозат дода мешавад, дар 47 зарфи полиэтиленӣ дар қисмати боркаши мошин ҷойгир карда шуда буд.

Қонуншиканӣ дар гузаргоҳи сарҳадию гумрукии «Сариосиё» ошкор гардид. Айни замон вобаста ба ин ҳодиса чораҳои санҷишӣ идома доранд.

Дар Хадамоти амнияти давлатӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки дар бораи чунин қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти шахсияти хабардиҳандагон кафолат дода мешавад.