Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони раёсати Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Намангон дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти гумрук, корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ гузаронида шуд, манзили воқеъ дар маҳаллаи «Мингтерак»-и ноҳияи Янги Намангон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар натиҷа, 156 номгӯй доруҳои нодири истеҳсоли хориҷӣ ошкор карда шуданд. Шумораи умумии доруҳои мусодирашуда 23 ҳазору 432 ададро ташкил дода, арзиши пешакии онҳо беш аз 3,3 миллиард сӯм арзёбӣ мегардад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, доруҳои мазкур ба қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ворид карда шудаанд.

Доруҳое, ки эҳтимол қалбакӣ мебошанд, бо тартиби муқарраргардида мусодира карда шуданд. Барои муайян намудани хусусият ва сифати онҳо ташхиси экспертиза таъин гардидааст.

Айни замон аз рӯйи ин ҳолат чорабиниҳои санҷишии пешазтафтишотӣ идома доранд.

Аз шаҳрвандоне, ки оид ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот доранд, хоҳиш карда мешавад, ки дар ин бора ба рақами кӯтоҳи Хадамоти амнияти давлатӣ — 1520 хабар диҳанд. Махфияти шахсияти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.

Барои харидорон муҳим аст: арзиши баланди дору кафолати сифати он нест. Ҳангоми интихоби доруворӣ набояд танҳо ба нарх ё кишвари истеҳсолкунанда такя кард.