Сарвари давлат таъкид кард, ки рушди босуръати рақамикунонӣ
ва технологияҳои зеҳни сунъӣ, зиёд кардани ҷойҳои кори сердаромад ва таъсиси иқтидорҳои
муосир дар тамоми минтақаҳо чун яке аз самтҳои асосии ислоҳот дар Ӯзбекистони
Нав муайян гардидааст.
Бо ҳамин мақсад барнома ва қарорҳои вижа қабул гардида,
маблағи зарурӣ ва масъулони мушаххас муайян мегарданд ва корҳои бонизом амалӣ
мешаванд.
Таъкид гардид, ки аз аввали соли ҷорӣ танҳо ба вилояти
Намангон 2 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Имрӯз 20 иқтидори нави
истеҳсолӣ ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллар, ки бо ҳамкорони Чин,
Туркия, Ҳиндустон ва Русия бунёд гардидаанд, мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар натиҷа дар соҳаҳои дорусозӣ, саноати сабук,
электротехника, масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ ва кимиё 6,5 ҳазор ҷойи
нави корӣ таъсис ёфта, беш аз 30 намуди маҳсулоти нав истеҳсол мегардад. Тавассути ин лоиҳаҳо
ба иқтисодиёти вилоят 3 триллиону 600 миллиард сӯм гардиши иловагӣ, 200 миллион
доллар содирот ва ба буҷет 400 миллиард сӯм даромад илова мегардад.
Ҳамзамон,
татбиқи 28 лоиҳа ба маблағи 4 миллиард доллар, ки ба рушди саноат, сайёҳӣ,
савдо ва сохтмони манзил дар Намангон такони ҷиддӣ мебахшанд, оғоз меёбад.
Президент
таъкид намуд, ки беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолии вилояти Намангонро ҷавонон
ташкил медиҳанд ва ин захираи бениҳоят бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ба шумор
меравад. Таъкид гардид, ки ҷиҳати ба ҷавонон омӯхтани донишҳои муосир, аз ҷумла,
технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва ба ин васила соҳиби касбҳои сердаромад
намудани онҳо лоиҳаҳои бузурги стартапӣ амалӣ мешаванд.
Коршиносон
иқтидори Ӯзбекистонро дар соҳаи зеҳни сунъӣ 10 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки ин иқтидор бояд ба имконият, имконият бошад ба лоиҳаи мушаххас,
ҷойҳои нави корӣ ва арзиши баланди иловашуда табдил дода шавад.
Солҳои
охир дар шаҳрҳои Нуқус, Қаршӣ, Тирмиз, Урганч ва Фарғона IT-паркҳои муосир ба
фаъолият шурӯъ карданд. Моҳи октябри соли гузашта дар пойтахт марҳилаи дуюми
лоиҳаи IT-парк низ оғоз ёфта буд.
Якҷо
бо ҳамкорони чинӣ дар асоси лоиҳаи бузург, ки 117 миллион доллар арзиш дорад,
дар шаш минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Намангони Нав, Самарқанд, Чирчиқ, Нурафшон,
Урганч ва Навоӣ IT-паркҳо сохта мешаванд. Маҷмаае, ки дар шаҳри Намангони Нав
бунёд мегардад, нахустин иншооти ин лоиҳа хоҳад буд.
Ин
лоиҳа дар доираи иҷрои қарори сарвари давлат аз 26 феврали соли 2024 «Дар бораи
чораҳои иловагӣ оид ба рушди содироти хидматрасониҳои соҳаи рақамикунонӣ дар
мамлакат» амалӣ мегардад.
Мувофиқи
лоиҳа, дар 1,7 гектар майдон бинои замонавии 17-ошёна сохта мешавад. Иншоот аз ҷониби
шарикони хориҷӣ аз марҳилаи тарҳрезӣ ва сохтмон, то муҷаҳҳазсозии дохилӣ тамоми
марҳилаҳоро фаро гирифта, дар ҳоли омода ба истифода супурда мешавад.
Дар
ин маҷмааи муосир, ки қариб 18 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, марказҳои
таълимӣ ва содиротӣ, майдонҳои коворкинг ва офисӣ, акселератори стартапҳо ва
низоми махсуси хидматрасонӣ барои ширкатҳои хориҷӣ таъсис дода мешаванд.
Дар
ин ҷо даҳҳо ширкат ва студияҳои стартапӣ ҳамчун як экосистемаи ягонаи
технологияҳои иттилоотӣ фаъолият хоҳанд кард. Дар маҷмаа барои қариб 2 ҳазор ҷавони
намангонӣ ҷойҳои сердаромади корӣ фароҳам мегардад.
Ба
кор шурӯъ кардани лоиҳа барои ба 500 миллиард сӯм расонидани ҳаҷми солонаи
хидматрасониҳои IT ва ба 30 миллион доллар баровардани содирот дар вилоят
замина фароҳам меорад.
Роҳбари
давлат ба шарикони хориҷие, ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм мегузоранд, изҳори
сипос намуд. Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев ба сохтмони IT-парк дар Намангони
Нав санги асос гузошт.
Ҳамчунин,
дар ҳамин ҷо маросими ба кор даровардани як қатор лоиҳаҳои нави вилоятӣ ва оғози
корҳои сохтмонии онҳо баргузор гардид.