Шуморо бо ифтитоҳи нахустин мулоқоти коршиносони «СҲШ плюс» оид ба масъалаҳои амният самимона табрик мегӯям.

Пеш аз ҳама, барои дастгирии ташаббуси Ӯзбекистон ва таваҷҷуҳатон ба таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳоямон изҳори сипос менамоям.

Иштироки роҳбарон ва намояндагони хадамоти махсуси кишварҳои узви СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикони муколама дар чорабинии имрӯза, аз ҳавасмандии муштараки онҳо ба муттаҳид сохтани саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир гувоҳӣ медиҳад.

Имсол Созмони ҳамкории Шанхай 25-уми солгарди таъсисашро ҷашн мегирад. Дар тӯли чоряк асри ташаккул ва рушд созмон ба майдони самарбахши таҳияи равишҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.

Ӯзбекистон ба сифати яке аз кишварҳои муассиси Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими минбаъдаи нақши он ҳамчун платформаи нодири бисёрҷониба, ки давлатҳои узвро ба хотири ҳифзи субот ва таъмини рушди фарогир муттаҳид месозад, инчунин тавсеаи фаъолияти созмон аҳамияти вижа медиҳад.

Меҳмонони азиз!

Дар шароити кунунӣ пурзӯр гардидани танишҳои геосиёсӣ, амиқтар шудани ихтилофҳо ва авҷ гирифтани низоъҳои мусаллаҳона, мутаассифона, хусусиятҳои асосии вазъи ҷаҳон боқӣ мемонанд.

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим ва устувории давлат дар баробари шаклҳои нави таъсиррасонии тахрибкорона беш аз пеш мубрам мегарданд.

Имрӯз мо тағйироти амиқи хусусияти таҳдидҳои фаромиллиро гувоҳ мешавем.

Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва воситаҳои иртиботи ҷаҳонӣ на танҳо барои рушд имкониятҳои васеъро фароҳам месозанд, балки мушкилоти комилан навро низ ба миён меоранд.

Бидуни муболиға метавон гуфт, ки фазои киберӣ ба майдони асосии бархӯрдҳо табдил ёфтааст, ки дар он якҷо бо усулҳои анъанавӣ, ҳамлаҳои шабакавӣ низ анҷом ёфта, воситаҳое чун идора кардани афкори ҷомеа ва паҳнсозии ахбор бардурӯғ торафт фаъолона истифода мешаванд.

Истифодаи муҳити рақамӣ аз ҷониби созмонҳои террористӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Платформаҳои интернетӣ ба воситаи тарғиби ғояҳои радикалӣ, ҷалби ҷонибдорони нав, ҷамъоварии маблағҳои молиявӣ, инчунин, ташаккули иттиҳодияҳои экстремистие табдил меёбанд, ки марзҳои давлатиро эътироф намекунанд.

Дар чунин шароит, бахусус ҷавонон қишри осебпазиртарини аҳолӣ боқӣ мемонанд. Нерӯҳои вайронкор ба шуури ҷавонон ҳадафмандона таъсир расонида, онҳоро ба дастаҳои худ ҷалб мекунанд, аз ихтилофоти иҷтимоӣ сӯиистифода менамоянд ва ғояҳои таҳаммулнопазириро паҳн месозанд.

Чунин равандҳо метавонанд ба ҳамзистии осоиштаи байни миллатҳо ва динҳо халал расонида, вазъи иҷтимоию сиёсиро беқарор намоянд.

Аз ин рӯ, на танҳо вокуниши саривақтӣ ба низоъҳои рухдиҳанда, балки пешгирии хавфу хатарҳо – ошкор намудани онҳо, таҳкими иқтидори миллӣ бобати мубодилаи мутақобилаи иттилоот, таъмини амният ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшудаи муштарак низ зарур аст.

Бовар дорам, ки ягон давлат наметавонад ба таҳдидҳое, ки марз намешиносанд, танҳо ва ба таври комил муқовимат кунад. Ин ҳолат ба таври табиӣ талаботро ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, эътимоди байниҳамдигарӣ ва роҳандозии механизмҳои амалии фаъолияти муштаракро боз ҳам тақвият мебахшад.

Дӯстони азиз!

Дар ин соли барои созмон дорои аҳамияти бештар ба шумо муроҷиат намуда, мехоҳам таъкид намоям, ки қобилияти СҲШ барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои нав ва иштироки муассир дар ташаккули ҷаҳони боз ҳам устувор аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории наздики хадамоти махсус вобаста мебошад.

Бовар дорам, ки мулоқоти имрӯза ба шумо на танҳо барои баррасии ҳамаҷонибаи таҳдид ва хавфу хатарҳои мубрами рӯз, балки ҷиҳати муайян кардани самтҳои амалии ҳамкорӣ, ки ба таъмини амнияти халқҳоямон ва рушди устувори давлатҳоямон нигаронида шудаанд, имкон медиҳад.

Ба ҳамаи иштирокдорони форум фаъолияти пурсамар ва анҷоми мулоқоти пурмазмунро дар Ӯзбекистон таманно дорам.

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон