Сарвари кишвари мо таъкид намуд, ки дар шароити кунунӣ, ки таҳдидҳои нав дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш доранд, ин платформаи бо ташаббуси Подшоҳи Урдун таъсисёфта аҳамияти бештар касб мекунад.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни ду кишвар, аз ҷумла раванди татбиқсозии тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, баррасӣ гардиданд.
Тайи солҳои охир фаъол гардидани сафар ва робитаҳои мутақобила бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Парвозҳои ҳавоӣ роҳандозӣ шуда, ҷамъомади Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ баргузор гардид, Шӯрои соҳибкорон таъсис ёфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо, бахусус, густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, роҳбарони Ӯзбекистон ва Урдун роҷеъ ба нақшаи чорабиниҳои дуҷонибаи минбаъдаи сатҳи олӣ ва дигар масъалаҳои рӯзнома табодули афкор намуданд.