Муайян карда шудааст, ки ӯ мехост ба шаҳрванди дигар 10 ҳазору 250 доллари қалбакии ИМА-ро ба ивази 7 ҳазор доллар фурӯшад. Мард бевосита ҳангоми анҷом додани муомила бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Вобаста ба ин ҳолат тибқи моддаи 176-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (сохтакорӣ ва ба муомилот баровардани пул, тамғаҳои аксизӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.