Аввалин медали тиллоро ба даста Сабрина Чакомонова овард. Ӯ дар рақобати ниҳоии вазни то 54 кило бо намояндаи Колумбия Эвелин Салас қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5:0 ғалабаи боварибахш ба даст овард. Ҳамин тариқ, Сабрина аввалин муштзанзани ӯзбекистонӣ гардид, ки дар Бозиҳои олимпии наврасон соҳиби медали тилло шудааст.
Медали дигари тиллоро ба хазинаи даста Рушанабону Исаева ворид намуд. Ӯ дар финали вазни то 60 кило бо намояндаи Словакия Каролина Колларова рақобат карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷаи баромад дар Бозиҳои олимпии наврасон «Дакар-2026» дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ҳамагӣ 8 медал: 2 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард.