Муайян карда шудааст, ки ҷавон дар ибтидо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зери таъсири ҷалбкунандагони ҳаракатҳои ифротгаро қарор гирифтааст. Баъдан ӯ гурӯҳеро таъсис додааст, ки ба он 13 нафар, солҳои таваллудашон 1980–2007, шомил шудаанд.
Дар ин гурӯҳ маводҳои таблиғкунандаи ғояҳои ифротгароӣ, инчунин даъватҳо ба «ҷиҳод» ва «шаҳодат» паҳн карда мешуданд.
Айни замон вобаста ба ин ҳолат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чорабиниҳои дахлдор идома доранд.