Корхонаи нав ба коркарди амиқи меваю сабзавоти маҳаллӣ машғул буда, маҳсулоти дорои арзиши иловагии баланд истеҳсол мекунад ва онро ба бозорҳои хориҷӣ мебарорад.

Корхона бо арзиши 8,5 миллион доллар аз ҳисоби сармоягузории ширкати амрикоии Wosune International Inc таъсис дода шудааст. Дар он 150 ҷойи кори доимӣ ташкил гардидааст.

Дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти конвексионӣ сабзӣ, қаламфури булғорӣ, каду, себ, пиёзи сабз, исфаноҷ ва навъҳои гуногуни кабудӣ хушк карда мешаванд. Ин технология имкон медиҳад, ки таъми табиӣ ва хусусиятҳои ғизоии маҳсулот нигоҳ дошта шаванд. 30 фоизи равандҳои истеҳсолиро роботҳо анҷом медиҳанд.

Маҳсулоти тайёр ба истеҳсолкунандагони ғизоҳои зудтайёршаванда, ҳанут, маҳсулоти консервшуда ва маводи косметикӣ пешниҳод карда мешавад. Маҳсулоти корхона ба Русия, кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мегардад. Дар назар аст, ки ҳаҷми солонаи содирот то 40 миллион доллар афзоиш дода шавад.

Барои васеъ намудани заминаи ашёи хом ба роҳ мондани ҳамкории мустақим бо хоҷагиҳои фермерии вилоят пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат бо раванди истеҳсолот ва маҳсулоти корхона шинос шуд.