Техникум бо арзиши 42 миллиард сӯм дар ҳудуди 5,2 гектар ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо биноҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо, устохонаҳо, хобгоҳ, майдончаи варзишӣ, ошхона ва инчунин шаҳраки касбҳо сохта шудаанд. Дар маҷмӯъ, муассиса аз 14 бино ва иншоот иборат буда, дар он 80 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар айни замон дар ин ҷо 417 ҷавон аз рӯйи 10 самт таҳсил мекунанд. Ба раванди таълим таҷрибаи пешрафтаи Олмон, Швейтсария, Британияи Кабир, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ҷорӣ карда мешавад.

Техникум инчунин барои дигар муассисаҳои таҳсилоти касбии вилоят ба пойгоҳи методӣ ва амалӣ табдил меёбад. Дар ин ҷо 2800 нафар хонандаи чунин муассисаҳо таҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард. Барои ташкили таҷрибаомӯзӣ ва таълими дуалӣ бо 32 ташкилоти бузург шартномаҳо баста шудаанд. Дар оянда ҳамкорӣ бо боз 11 ташкилот ба роҳ монда мешавад.

То охири сол омӯзиши забони олмонӣ барои 500 ҷавон ва фиристодани онҳо ба Олмон барои таҷрибаомӯзии музднок ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлат бо гурӯҳи ҷавононе, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба ин кишвар мераванд, суҳбат кард.

— Ҳамаи кӯшишҳои мо ба он равона шудаанд, ки шумо касбу ҳунар омӯзед. Шахсе, ки касб дорад, ҳеҷ гоҳ бе кору рӯзгор намемонад. Агар шумо дониш ва маҳорати амиқ ба даст оред, новобаста аз он ки дар куҷо бошед, метавонед ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ пайдо кунед. Имрӯз барои шумо чунин имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Агар аз онҳо дуруст истифода баред, барои худ, фарзандон ва наберагонатон заминаи зиндагии осударо муҳайё мекунед. Аз ин рӯ, ягон дақиқаро беҳуда нагузаронед, — гуфт Президенти мамлакат.

Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ аз давраи мактабхонӣ таъкид гардид. Маҳз бо ҳамин мақсад шаҳраки касбҳо таъсис дода шудааст, то шавқу рағбат ва қобилияти хонандагон дар марҳилаи барвақт муайян гардида, дар интихоби касби ояндаашон кумак расонида шавад.

Хонандагон дар ин ҷо бо самтҳое чун технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи «сабз», робототехника, идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва хизматрасонии автомобилҳои барқӣ шинос мешаванд. Илова бар ин, онҳо дар соҳаҳои дӯзандагӣ, ошпазӣ, сантехника, зоотехника ва агрономия малакаҳои амалӣ ба даст меоранд.

Лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар вилоят амалӣ мешаванд, талаботро ба мутахассисони баландихтисос зиёд мекунанд. Дар робита ба ин, муҳим будани истифодаи пурраи имкониятҳои техникум, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи корфармоён ва мақсаднок омода кардани ҷавонон барои кор дар корхонаҳои нав таъкид гардид.