Варзишгари ӯзбекистонӣ марҳилаи интихобиро бомуваффақият паси сар намуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар рақобат барои роҳхат ба финал аз ҳарифи худ, намояндаи Чин, мағлуб шуд. Дар сабқат барои ҷойи сеюм Наргиза бар намояндаи Аргентина ғолиб омада, медали биринҷиро ба даст овард.

Ҳамин тариқ, дар хазинаи медалҳои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон то имрӯз 6 медал: 4 нуқра ва 2 биринҷӣ мавҷуд аст.