Ӯзбекистонро дар ин мусобиқа 30 варзишгар намояндагӣ карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои рақобатҳо дастаи мунтахаби кишвар соҳиби ҳашт медал: ду тилло, се нуқра ва се биринҷӣ гардида, аз рӯйи шумораи умумии медалҳо ба панҷгонаи беҳтарини дастаҳо дохил шуд.
Натиҷаҳои дастаи мунтахаби калонсолон
Дастаи мунтахаби калонсолони Ӯзбекистон дар ҳисоби даставӣ мақоми ҳафтумро ишғол кард. Оғилой Ҷуманова соҳиби медали тилло, Мустафо Қадамов соҳиби медали нуқра ва Ҷанобиддин Сатторов соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ин пирӯзӣ барои Оғилой Ҷуманова аҳамияти хос дошт. Варзишгар таъкид кард, ки ин сеюмин иштироки ӯ дар чемпионати ҷаҳон мебошад. Дар мусобиқаи қаблӣ бинобар ҷароҳат натавониста буд натиҷаи арзанда нишон диҳад. Аммо ин дафъа ӯ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ба гуфтаи ӯ, вай ҳамчунин аввалин бонуи Ӯзбекистон аст, ки ба чунин унвон мушарраф шудааст.
Дастаи ҷавонони кишвар боз ҳам муваффақтар баромад карда, дар ҳисоби даставӣ мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Дар рақобати ниҳоӣ Хуршидахон Розиқова бар ҳамватани худ Нилуфар Уралова пирӯз шуда, медали тиллоро ба даст овард. Нилуфар Уралова бо медали нуқра сарфароз гардид. Медали дигари нуқраро Дониёр Қувондиков ба хазинаи дастаи мунтахаб ворид намуд. Фирдавс Атамуродов ва Ферузбек Файзиев бошанд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои умумии чемпионат дастаи мунтахаби Русия бо 40 медал мақоми аввал, Тоҷикистон бо нӯҳ медал мақоми дуюм ва Финландия бо шаш медал мақоми сеюмро ишғол карданд. Ӯзбекистон бо ҳашт медал ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқа дохил шуд.
9 ноябр варзишгарони дастаи мунтахаби миллӣ ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд онҳоро намояндагони созмонҳои варзишӣ, мураббиён, наздикону пайвандон ва мухлисон бо тантана истиқбол гирифтанд. Маросими истиқбол таҳти садои карнаю сурнай баргузор гардид.
Муовини раиси Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи (ММА) Ӯзбекистон Шуҳрат Анваров дар бораи нақшаҳои минбаъдаи даста маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик дар шаҳри Қаршӣ Ҷоми Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои он интихоби иловагии варзишгарон ба ҳайати дастаи мунтахаби миллӣ гузаронида хоҳад шуд.
Сипас, аз 5 то 7 декабр варзишгарони Ӯзбекистон дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.