Ҳадафҳои асосии татбиқи барномаҳои миллӣ аз ҷумла инҳо муайян шудаанд:

ба сармояи асосии рушд табдил додани дониш ва малака;

таъмини саломатӣ ва дарозумрии аҳолӣ;

рушди иқтисодиёте, ки ба технологияҳои баланд ва ҳосилнокии меҳнат асос ёфтааст.

Самтҳои асосии барномаи миллӣ оид ба сармояи асосии рушд табдил додани дониш ва малака инҳоянд:

пурра фаро гирифтани кӯдакони шашсола бо барномаҳои омодагии ибтидоӣ ба мактаб;

нигоҳ доштани имтиёзҳои амалкунанда барои таъсиси муассисаҳои таълимии томактабии ғайридавлатӣ ва арзёбии самаранокии онҳо;

марҳила ба марҳила фаро гирифтани тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо барномаҳои арзёбии байналмилалӣ;

шомил намудани на камтар аз 10 муассисаи таҳсилоти олии кишвар ба қатори 1000 донишгоҳи беҳтарини рейтингҳои бонуфузи байналмилалӣ;

ҷалби 10 миллион ҷавон ба соҳаи технологияҳои рақамӣ ва касбҳои оянда ва дигар тадбирҳо.