Дар донишгоҳ беш аз 14 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти бакалаврӣ ва магистратура дар шаклҳои таҳсили рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ таҳсил мекунанд. Дар ин ҷо 579 омӯзгор фаъолият менамоянд.
Ба мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад. Самтҳои филологияи англисӣ, математика, математикаи амалӣ ва физика аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд. Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ва Беларус 14 барномаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.
Дар факултети забонҳо студияи муосири медиавӣ бо 1 ҳазор ҷой, инчунин марказҳои омӯзиши забонҳои чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва русӣ таъсис дода шудаанд. Дар доираи барномаҳои байналмилалӣ тарҷумонҳои синхронӣ омода карда мешаванд.
Дар Маркази байналмилалии лабораторияҳо, ки ҳафт озмоишгоҳро муттаҳид мекунад, таҳқиқот дар самтҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ ва робототехника гузаронида мешаванд.
Соли гузашта дар донишгоҳ корҳои васеи сохтмонӣ ва таҷдид анҷом дода шуданд.
Шароити зисти донишҷӯён низ беҳтар гардид. Ба туфайли сохтмони се хобгоҳи нав беш аз 1,3 ҳазор ҷойи иловагӣ фароҳам оварда шуд, ки имкон дод талабот ба ҷойҳои хобгоҳ пурра қонеъ карда шавад.
Дар ҳудуди донишгоҳ кӯдакистон бо 240 ҷой, китобхона, ошхонаҳо, маркази ҷавонон ва қасри конфронсҳо фаъолият мекунанд. Дар назди донишгоҳ дастаи футболи «Лочин» таъсис дода шуда, барои тамринҳои он майдони муосири футбол сохта шудааст.
Президент бо фаъолияти маркази хизматрасонӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ низ шинос шуд.
Бо ҳамин, сарвари давлат сафари кории худро ба вилояти Қашқадарё ба анҷом расонида, ба шаҳри Тошканд баргашт.