Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Нурӣ Эрсой калиди рамзиро ба раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Абдулазиз Аккулов супурд. Қаблан ин мақом ба шаҳри Анқара тааллуқ дошт, ки соли 2026 пойтахти сайёҳии ҷаҳони турк ба ҳисоб мерафт.
Меҳмет Нурӣ Эрсой зимни суханронӣ Ӯзбекистонро ба муносибати ба Тошканд додани ин мақоми ифтихорӣ табрик гуфт. Ӯ мероси ғании таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои нотакрор ва иқтидори баланди сайёҳии кишварро таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, мақоми нав барои таҳкими робитаҳои сайёҳӣ миёни давлатҳои туркзабон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Дар навбати худ, Абдулазиз Аккулов намояндагони кишварҳои туркзабонро барои боздид аз Тошканд дар соли оянда даъват кард.
Ҳамчунин, ӯ ба аҳли ҳунари синамо муроҷиат намуда, даъват кард, ки бештар ба Ӯзбекистон сафар кунанд ва тавассути эҷодиёти худ тамошобинони байналмилалиро бо ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ, табиати дилфиреб ва мероси фарҳангии кишвар шинос намоянд.