Дар амалиёти дигари фаврӣ кормандони шуъбаи каттақӯрғонии Департамент шаҳрванди Ш.Ю.-ро ҳангоми фурӯши 80 ҳаб доруи таъсирбахши «ЗАРДЕКС» боздошт намуданд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Тошканд кормандони шуъбаи ноҳияи Яккасаройи Департамент дар ҳамкорӣ бо намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Ф.А.-ро ҳангоми фурӯши 15 ҳаб доруи таъсирбахш дастгир карданд.

Аз рӯйи ҳамаи ҳолатҳои зикршуда тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.