Ин раддабандиро ҳамасола Маркази шоҳигарии пажӯҳишҳои стратегии исломӣ (Royal Islamic Strategic Studies Centre – RISSC), ки дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун ҷойгир аст, таҳия мекунад. Нашрияи «The Muslim 500» аз соли 2009 ба ин сӯ ба нашр расида, дар бораи шахсиятҳое маълумот медиҳад, ки ба ҷаҳони ислом аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд.
Дар шумораи соли 2027 фаъолияти Президенти Ӯзбекистон дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, дипломатияи минтақавӣ, рушди маорифу фарҳанг, ҳифз ва тарғиби мероси исломӣ инъикос ёфтааст.
Аз ҷумла, тадбирҳо оид ба либерализатсияи иқтисодиёт, татбиқи ислоҳоти асъорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи савдои хориҷӣ, навсозии соҳаи кишоварзӣ ва аз байн бурдани меҳнати маҷбурии низомнок дар соҳаи пахтакорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, густариши савдои минтақавӣ ва ҳамкорӣ, инчунин афзоиши фаъолнокии Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Дар нашрияи «The Muslim 500» ташаббусҳои марбут ба ҳифзи мероси ғании исломӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон, омӯзиши илмии он ва тарғибу муаррифии ин мерос дар сатҳи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи хос доранд.
Аз ҷумла, таъсис ва рушди маҷмааҳои ёдгории Имом Бухорӣ ва Имом Мотуридӣ, дастгирии марказҳои байналмилалии илмӣ-тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва Имом Мотуридӣ, ҳифзи мадрасаҳои таърихӣ ва маконҳои муқаддас зикр шудаанд.
Яке аз лоиҳаҳои муҳим дар ин самт Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон мебошад. Ин маҷмаа бо ташаббуси роҳбари давлат бунёд гардида, ҳадаф дорад таърихи сеҳазорсолаи халқи ӯзбек, саҳми ниёгони бузург дар рушди илму тамаддуни ҷаҳонӣ, инчунин мероси ғании илмӣ-маърифатии ҷаҳони исломро омӯзад ва ба таври васеъ муаррифӣ намояд.
Дар заминаи консепсияи Марказ муаррифии моҳияти башардӯстонаи ислом, ғояҳои маърифатпарварӣ, илм, таҳаммулпазирӣ ва некиву накӯкорӣ бо истифода аз равишҳои муосир қарор дорад. Дар намоишгоҳи ягона дастхатҳои нодир, бозёфтҳои таърихӣ, мероси илмии донишмандони бузург ва арзишҳои фарҳангии давраҳои гуногун гирд оварда шудаанд.
Дар байни онҳо осори нодире, ки барои ҷаҳони ислом аҳамияти фавқулодаи маънавӣ доранд, аз ҷумла мусҳафи Усмон, ки дар толори Қуръон маҳфуз аст, ҷойгоҳи махсус доранд. Ин ёдгориҳо нақш ва масъулияти халқи Ӯзбекистонро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бозгӯ мекунанд.
Имрӯз Марказ ҳамчун макони омӯзиши таърихи миллӣ ва мероси маънавӣ, муколамаи илмии байналмилалӣ, дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байни тамаддунҳо хизмат мекунад. Ба шарофати фаъолияти он ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мероси мутафаккирони бузурги зодаи Ӯзбекистон ва саҳми онҳо дар рушди илм, маърифат ва пешрафти башарият шинос мегардад.
Зикри ин ташаббусҳо дар нашрияи «The Muslim 500» бозгӯи таваҷҷуҳи Ӯзбекистон ба ҳифзи мероси исломӣ, идомаи анъанаҳои илмӣ-маърифатӣ ва тарғиби онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Маълумотнома
Дар нашрияи «The Muslim 500» 50 шахсияти аввал дар раддабандии алоҳида пешниҳод шуда, 450 нафари боқимонда вобаста ба самти фаъолияташон гурӯҳбандӣ шудаанд. Ба рӯйхат намояндагони сиёсат, илм, дин, фарҳанг, санъат, варзиш, воситаҳои ахбори омма ва дигар соҳаҳо шомил мебошанд.
Муаллифони нашрия таъкид мекунанд, ки шомил гардидан ба ин рӯйхат бозгӯи таъсири шахсият ба ҷаҳони ислом мебошад.