Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи созишҳое, ки зимни сафари расмии Александр Стубб ба Ӯзбекистон дар соли гузашта ба даст омада буданд, баррасӣ гардиданд.

Ба масъалаҳои афзоиши гардиши савдои дуҷониба, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои металлургия, энергетика ва геология, инчунин ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Зарурати баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми соҳибкорӣ дар аввали соли 2027 таъкид гардид.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.