Аз ҷумла, зимни мулоқот бо директори ширкати «EduLink» Хан Ҷонг Рим дурнамои ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълими томактабӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар асоси барномаҳои инноватсионии ширкат дар кӯдакистонҳои Ӯзбекистон 3,5 ҳазор кӯдак забони англисиро меомӯзанд ва тақрибан 3 ҳазор омӯзгор ихтисоси худро такмил додаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи таълим дар муассисаҳои таълимии томактабии «Янги авлод», омода кардани омӯзгорон ва ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ барои онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот бо президенти Донишгоҳи Шинхан Кан Сон Ҷонг оид ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд, рушди низоми таҳсилоти олӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва инноватсия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аз ҷумла, як қатор пешниҳодҳо оид ба роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, фаъолгардонии табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ба шабакаи байналмилалии ҳамкориҳои донишгоҳ, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки илмию маърифатӣ пешниҳод гардиданд.
Зимни суҳбат ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти омода кардани кадрҳои тиббӣ, бахусус дар соҳаи кори ҳамширагӣ, низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.