Дар платформа нишондиҳандаҳои индекси нархҳои истеъмолӣ, нархҳои миёнаи ҳафтаинаи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар буриши минтақаҳо ва ноҳияҳо, инчунин индекси нархҳо дар бозори манзил ва индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ ҷой дода шудаанд.
Истифодабарандагон ҳамчунин метавонанд аз ҳисобкунакҳои таваррум ва хароҷоти истеъмолӣ истифода баранд, маълумотро дар форматҳои CSV ва JSON зеркашӣ кунанд ё бидуни бақайдгирӣ тавассути API дастрас намоянд.
Дар бораи ба фаъолият оғоз кардани платформаи нав зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Кумитаи миллии омор баргузор гардид, хабар дода шуд.