Зимни мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Бангладеш баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ тамоюли мусбати робитаҳои дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар солҳои охир таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва ғанӣ гардонидани онҳо бо муҳтавои амалӣ, аз ҷумла тавассути таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои саноатӣ, тавофуқ ҳосил гардид.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва идомаи дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.