Ба иттилои ниҳод, ӯ ба роҳбари яке аз муассисаҳои таҳсилоти
томактабии ноҳия С. Х. ваъда додааст, ки барои 42 корманди муассиса шаҳодатномаҳои
санитарӣ медиҳад. Барои ин ӯ 2,1
миллион сӯм гирифта, ҳангоми гирифтани пора дастгир шудааст.
Дар робита ба ин ҳолат
тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз
гардидааст. Амалиёти тафтишотӣ идома дорад.