Чорабинии
фаврӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии
назди Прокуратураи генералии вилояти Фарғона дар ҳамкорӣ бо намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванд С.А. бо ба даст овардани боварии шаҳрванд
И.Д. худро ёвари судяи
Суди ҳакамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки
тавассути шиносони худ, ки дар мансабҳои баланд кор мекунанд, метавонад ба
ивази 210 ҳазор доллар
барои гирифтани вазифаи ҳокими ноҳияи Учкӯприк ба ӯ кумак расонад.
Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ С.А. ҳангоми гирифтани 100 ҳазор доллари ИМА аз маблағи
мувофиқашуда боздошт гардид. Ҳангоми боздошт маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ
мусодира карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаҳои 25 ва 168-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ),
инчунин моддаҳои 28 ва 211
(додани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Айни
ҳол амалҳои тафтишотӣ идома доранд.