Тибқи маълумоти пешакӣ, гурӯҳи ҷиноятӣ ният доштааст аз коҳиш ёфтани ҳушёрии низомиён дар соатҳои барвақти саҳар истифода бурда, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро аз сарҳади давлатӣ ташкил кунад. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт аз амалишавии нақшаи ҷиноятӣ ҷилавгирӣ карданд.

Ҳамин тавр, дар гузаргоҳи гумрукии сарҳадии Термез-авто дар вилояти Сурхондарё мошини боркаши тамғаи Mercedes-Benz таҳти идораи як шаҳрванди Афғонистон, ки аз Афғонистон ворид шуда буд, тибқи тартиби муқарраргардида мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар ядаккаши воситаи нақлиёт экскаватори тамғаи Doosan Excavator интиқол дода мешуд. Ҳангоми санҷиш бо истифода аз маҷмааи назоратӣ-санҷишӣ дар қисми болоии экскаватор ашёе ошкор гардид, ки ба сохтори заводии техника мувофиқат намекард.

Баъдан, дохилии тири экскаватор бо истифода аз воситаи махсуси техникӣ — эндоскоп мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа 593 килограмм ҳашиш ва 3 килограмм афюн, ки бодиққат дар дохили сохтори техника пинҳон карда шуда буданд, ошкор ва мусодира гардиданд.

Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаҳои 246 ва 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни ҳол чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ барои муайян ва боздошт намудани шахсони дастдошта дар қочоқи ин миқдор маводи мухаддир идома доранд.

Хадамоти давлатии амният аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои гардиши ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ ё паҳн намудани маводи мухаддир тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти муроҷиатҳо кафолат дода мешавад.