Зимни музокирот ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва зиёд кардани ҳаҷми интиқоли бор миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, афзоиши назарраси ҳаҷми боркашонии мутақобила дар соли ҷорӣ махсус таъкид гардид.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба як қатор самтҳои ҳамкории минбаъда мувофиқа ҳосил шуд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ният доранд:

корҳои марбут ба рушди истгоҳи Наибободро дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд;

интиқоли борро тавассути роҳи оҳан дар масири «Ҳайратон – Мазори Шариф» ба роҳ монанд;

гардиши умумии шабонарӯзии қатораҳоро зиёд намоянд;

омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони афғонистониро дар соҳаи роҳи оҳан ташкил кунанд.

Мувофиқаҳои бадастомада ба тавсеаи имкониятҳои нақлиётиву логистикӣ, афзоиши гардиши бор ва таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистону Афғонистон дар соҳаи роҳи оҳан равона шудаанд.