Шаҳрванди Ӯзбекистон З.Х. соли 2022 бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Полша рафта, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ гирифтааст. Аммо баъди пайдо накардани кори доимӣ соли 2024 ба Чехия омадааст. Дар ин кишвар ӯ ба ҳайси фаррош ва дар корҳои муваққатӣ фаъолият мекард, вале натавонист мақоми ҳуқуқии худро ба расмият дарорад.

Даромади бадастовардааш базӯр хароҷоти рӯзмарраро мепӯшонд ва барои мустақилона ба Ватан баргаштан имкони молиявӣ надошт. Аз ин рӯ, ӯ барои дарёфти кумаки амалӣ ба шуъбаи консулии сафорат муроҷиат кардааст, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи сафорат, 17 ноябр ин шаҳрванд тавассути хатсайри «Прага – Истанбул – Самарқанд» ба Ӯзбекистон баргашт.

Намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар минбаъд низ ба шаҳрвандоне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор мегиранд, кумаки амалӣ мерасонанд.