Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» яке аз вазифаҳои афзалиятнок ворид намудани кишвар ба қатори 30 давлати пешрафтаи ҷаҳон аз рӯйи Индекси рушди ҳукумати электронии Созмони Милали Муттаҳид (UN EGDI) муайян шудааст. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ҷиҳати такмили низоми ҳукумати электронӣ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасониҳои давлатии рақамӣ пайваста тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Дар натиҷаи ин талошҳо, тибқи таҳқиқоти СММ оид ба рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2026 (UN E-Government Survey 2026), Ӯзбекистон дар байни 194 кишвари ҷаҳон мақоми 32-юмро ишғол кард. Илова бар ин, кишвар бори аввал ба гурӯҳи давлатҳои дорои сатҳи хеле баланди рушди ҳукумати электронӣ — «Very High EGDI» шомил гардид.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2020 дар раддабандӣ 55 зина ва нисбат ба натиҷаи соли 2024 боз 31 зина боло рафта, мақоми 32-юмро касб кардааст.
Индекси умумии рушди ҳукумати электронии Ӯзбекистон (EGDI) ба 0,8930 баробар шуд. Барои муқоиса, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 0,7999 баробар буд.
Дар таҳқиқот нишондиҳандаҳои Ӯзбекистон аз рӯйи самтҳои зерин баҳои баланд гирифтаанд:
хизматрасониҳои давлатии онлайн (OSI) — 0,8885;
инфрасохтори телекоммуникатсионӣ (TII) — 0,9213;
сармояи инсонӣ (HCI) — 0,8692.
Ҳамчунин, нишондиҳандаи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ (PE) ба 0,8276 баробар шудааст.
Дар гузориш таҷрибаи Ӯзбекистон дар соҳаи дигаргунсозии рақамӣ, аз ҷумла ташаббусҳои рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ низ ҳамчун намунаи мусбат қайд гардидааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои озмоишии Маркази рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва озмунҳои соҳавӣ зикр шудаанд.
Ин натиҷа эътирофи байналмилалии ислоҳоти дар кишвар амалишаванда дар самти такмили низоми ҳукумати электронӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ мебошад.
Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ — шомил шудан ба қатори 30 кишвари пешсафи раддабандии СММ боз як қадами муҳим гузошт.