Дар ин чорабинии байналмилалӣ, ки ба муносибати 35-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон доир гардид, аъзои парлумони Урдун, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд. Дар ин бора агентии иттилоотии «Дунё» хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии муаррифӣ шинос намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ислоҳоти фарогире буд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, инчунин муаррифии стратегияи рушди кишвар ва самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлат.
Дар китоб ба ислоҳоте, ки бар пояи принсипҳои «Давлат — барои инсон» ва «Ба хотири қадру қимати инсон» амалӣ мешаванд, инчунин ба таҳаввулоти таърихӣ дар ҳаёти кишвар ва равандҳои навсозии куллии тафаккури давлатӣ ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Дар асар, ки аз шаш боб ва хулоса иборат аст, масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи Эҳёи сеюм, боло бурдани шаъну шарафи инсон, инчунин таъмини сулҳу субот ва рушди устувор ба таври муфассал инъикос ёфтаанд. Китоб ба забонҳои арабӣ, англисӣ, итолиёвӣ, русӣ ва урду тарҷума шудааст.
«Ҳақиқате, ки таърих онро собит кардааст, дар он аст: халқе, ки қодир аст тағйир ёбад, вақтро ба имконият, имкониятро ба дастовард ва дастовардро ба пояи рушд табдил диҳад, халқи бузург аст. Барои ман боиси ифтихор ва ҳамзамон масъулияти бузург аст, ки роҳбари чунин халқ бошам ва ба мардуме, ки бо чунин эътиқоди баланд зиндагӣ мекунанд, хизмат намоям», — навиштааст Сарвари Ӯзбекистон дар сарсухани асари худ.
Дар доираи чорабиниҳо дар Уммон ҳамчунин нӯҳ китоб ва албоми аксҳо ба забони арабӣ муаррифӣ гардиданд, ки таърихи Ӯзбекистони Нав, рушди муосир ва ҳадафҳои ояндаи онро инъикос мекунанд.
Илова бар ин, намоишгоҳи китоб таҳти унвони «Ӯзбекистон: тамаддунҳо, шахсиятҳо, кашфиётҳо», конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мовароуннаҳр — нури тамаддуни исломӣ, ки дар тӯли асрҳо медурахшад» ва инчунин муаррифии байналмилалии Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Дар ин вохӯриҳо мушовири Президенти Ӯзбекистон, ректори Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон Музаффар Комилов, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Шайх Нуриддин Холиқназар, президенти Донишгоҳи ҷаҳонии исломии илм ва маорифи Урдун Ҷаъфар ал-Мағрибӣ ал-Фанотиса, сафири Ӯзбекистон Нодирҷон Тӯрағунов, инчунин ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимон ва намояндагони доираҳои динӣ аз ҳар ду кишвар иштирок доштанд.
Ба китобхонаҳои Урдун чунин асарҳо: «Шавкат Мирзиёев — арбоби давлатӣ ва сиёсии дорои мақоми ҷаҳонӣ», «Ӯзбекистони Нав: кишвари сулҳ, инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ», албоми аксҳои «Солномаи истиқлолият», инчунин китобҳои «Ӯзбекистон: Эҳёи сеюм — консепсияи рушд» ва «Замони муосир ва Ӯзбекистони Нав» тақдим карда шуданд.
Чорабиниҳои байналмилалие, ки дар шаҳри Уммон баргузор шуданд, барои тарғиби васеи мероси ғании таърихӣ, илмӣ ва исломии Ӯзбекистон, таҳкими нуфузи байналмилалии Ӯзбекистони Нав ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни Ӯзбекистон ва Урдун аҳаммияти муҳим доранд.