Хусусиятҳои фарқкунандаи он техникаи гулдӯзии пилтадӯзӣ»,
нақшҳои геометрӣ, омезиши рангҳои равшан ва усулҳои анъанавии истеҳсол
мебошанд. Дар ороиши тӯппӣ чунин нақшҳо истифода мешаванд: «чилҳол», «чаянгул»,
«қӯчқоршохӣ», «арча» ва «кӯзача».
Бақайдгирии давлатии «Тӯппии Бойсун» ҳамчун нишонаи ҷуғрофӣ
имкон медиҳад, ки хусусиятҳои фарқкунандаи он, ки бо минтақаи Бойсун алоқаманданд,
аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳифз карда шаванд.
Дар натиҷа, номи «Тӯппии Бойсун» таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ қарор
мегирад; барои нигоҳ доштани хусусиятҳои анъанавии маҳсулот ва усулҳои истеҳсоли
он шароити мусоид фароҳам меояд; инчунин заминаи ҳуқуқӣ барои пешбурди маҳсулоти
ҳунармандони Бойсун дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд меояд.
Барои маълумот: нишонаи ҷуғрофӣ объекти моликияти
зеҳнӣ мебошад, ки нишон медиҳад сифат, обрӯ ё дигар хусусиятҳои мол бо як минтақаи
муайяни ҷуғрофӣ алоқаманданд.