Шаҳри Қӯқанд аз замонҳои қадим яке аз марказҳои бузурги
фарҳангӣ ба шумор рафта, ҳунармандӣ, тиҷорат ва таомҳои миллӣ дар он рушди
васеъ ёфтаанд. Дар миёни маҳсулоти анъанавӣ «Патири Қӯқанд» бо таъми хос,
дастури нодири омодасозӣ ва технологияи махсуси пухтани худ шуҳрат дорад.
Хусусияти
асосии ин навъи нон тарзи анъанавии омода кардани он мебошад, ки ба шарофати он
таъм ва таровати худ барои муддати дароз нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчун
нишондоди ҷуғрофӣ ба қайд гирифта шудани
«Патири Қӯқанд» ҳифзи ҳуқуқии номи маҳсулот ва технологияи анъанавии истеҳсоли
онро таъмин намуда, талабот ба сифати онро баланд мебардорад. Инчунин, он барои
муаррифии бренди гастрономии вилояти Фарғона ҳам дар дохили Ӯзбекистон ва ҳам
дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Барои
маълумот:
нишондоди
ҷуғрофӣ объекти моликияти зеҳнӣ буда, он
тасдиқ мекунад маҳсулоти муайян аз минтақаи мушаххас сарчашма гирифта, сифат,
обрӯ ва хусусиятҳои хоси он ба шароити табиӣ, иқлимӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳамон
минтақа вобаста аст.