Тибқи фармоишҳои роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Акрамҷон Фозилов муовини якуми мушовири Президент оид ба масъалаҳои мақомоти намояндагӣ, созмонҳои ғайритиҷоратию ғайридавлатӣ ва ҷавонон таъйин гардид. Дар робита ба ин, ӯ аз вазифаи муовини якуми роҳбари Департаменти коммуникатсияи Администратсияи Президент озод карда шуд.
Азиза Қурбонова муовини якуми сарвари Департаменти коммуникатсияи Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардид.
Хушнуд Худойбердиев муовини сарвари Департаменти коммуникатсияи Администратсияи Президент таъйин шуд.
Фаррух Омонов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини сарвари Департаменти коммуникатсия — сардори Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд.