Ба гуфтаи Саида Мирзиёева, усул ва равишҳои таълим дар ин муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб кардаанд. Дар ин ҷо ба сифати таълим, ошкор намудани қобилиятҳои ҷавонон ва ташаккули малакаҳои тафаккури мустақилона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ӯ таъкид намуд, ки таҷрибаҳои пешқадам барои густариши ҳамкориҳои мутақобила имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.

Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байни муассисаҳои таълимиро густариш дода, таҷриба мубодила намоянд ва барои хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон имкониятҳои нав фароҳам созанд.

Саида Мирзиёева таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистон ва Туркия ба шумор меравад. Ҳамкорӣ дар ин соҳа ба азхудкунии донишҳои нав аз ҷониби ҷавонон, васеъ гардидани ҷаҳонбинии онҳо ва шиносоии бештари халқҳои ду кишвар бо ҳамдигар мусоидат хоҳад кард.