Ҳоло дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ аз рӯи чор самти таълимӣ тақрибан 10 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ технологияҳои рақамиро дар идоракунии маъмурӣ, раванди таълим ва фаъолияти илмӣ фаъолона ҷорӣ менамояд.
Дар донишгоҳ низоми таҳсили дуалӣ рушд ёфта, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба лоиҳаҳои тиҷоратӣ табдил дода мешаванд. Ҳамзамон, шаҳраки донишҷӯён ба майдони татбиқи қарорҳои пешрафтаи инноватсионӣ табдил меёбад.
Шаҳрҳои муосир ва сабз худ аз худ ба вуҷуд намеоянд. Барои ин тарбия намудани насли нави меъморон, лоиҳакашон ва муҳандисоне, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ буда, метавонанд ғояҳои ғайриодӣ пешниҳод намоянд, роҳҳои ҳалли аз ҷиҳати экологӣ устувори меъморӣ ва муҳандисиро таҳия карда, онҳоро дар амал татбиқ созанд, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.