Имрӯз рӯзона дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ боришот пешбинӣ намешавад. Танҳо баъд аз нисфирӯзӣ дар баъзе ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон эҳтимоли бориши начандон зиёди борон вуҷуд дорад. Дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе минтақаҳо шиддатнокии он то 13–18 метр мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳамроҳ бо шамол эҳтимоли вазидани чангу ғубор низ вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво 20–25 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи маълумоти
Идораи обуҳавошиносии Ӯзбекистон (Ӯзгидромет), дар пойтахт боришот пешбинӣ
намешавад. Шамол дар як сония 3–8 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 22–24 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ
субҳи имрӯз дар баъзе ҷойҳо боришот (борон, барф) дар назар буда, эҳтимоли
фаромадани туман низ вуҷуд дорад. Шамол
дар
як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе минтақаҳо то 13–18 метр шидат мегирад. Ҳарорати ҳаво 12–17 дараҷа гарм мешавад.