Дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки дар доираи ин чорабиниҳо баргузор гардид, масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, рушди муколамаи бисёрҷониба дар доираи Иттиҳод ва фаъолияти минбаъдаи Ассамблея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаласа интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ буд. Бо пешниҳоди Ассамблея ин раванд таҳти роҳбарии Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба муҳлати навбатии яксола Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб гардид.

Ҳамчунин, дар ҷаласа ҷиҳати васеъ намудани заминаҳои институтсионалии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ қарори муҳим қабул карда шуд. Аз ҷумла, ба Маҷлиси Туркманистон мақоми нозир дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дода шуд. Ҳамин тариқ, он нахустин парлумони миллӣ гардид, ки соҳиби чунин мақом шуд.

Барномаи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии таъсиси Ассамблея ва нақшаи фаъолияти он барои соли 2027 низ тасдиқ гардиданд. Соли оянда баргузории Анҷумани XII байналмилалии экологии Нева, Форуми V занони Авруосиё, конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва як қатор чорабиниҳои дигари бонуфуз дар назар аст.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни насли ҷавон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд. Натиҷаҳои Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» ҷамъбаст гардида, дар бораи соли 2027 дар Қазоқистон баргузор намудани форуми навбатӣ қарор қабул шуд.