Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардида, оид ба густариши минбаъдаи онҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Ба он баҳои баланд дода шуд, ки тайи солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар ба сатҳи нав баромада, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ хусусияти мунтазам касб кардаанд. Таъкид гардид, ки ҷаласаи сеюми раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, ба минбари муҳими рушди муколамаи минтақавӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина пешниҳод гардид, ки ба рӯзномаи мулоқотҳои ояндаи раисони парлумонҳо баррасии механизмҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи сарони давлатҳо ба даст омадаанд, ворид карда шавад.

Рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ низ яке аз самтҳои муҳими муколама арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, ташаббусҳо оид ба ҷалби вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ ба фаъолияти гурӯҳҳои байнипарлумонии ҳамкорӣ дастгирӣ ёфтанд.

Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, маъданҳои муҳимми стратегӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои пешрафта, инчунин маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва робитаҳои гуманитарӣ таъкид гардид.