Дар доираи аксияҳои «Рӯзи бе автомобил» ва «Ҳафтаи бе автомобил» кормандони Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим, инчунин идораҳои ҳудудии он аз истифодаи автомобилҳои хизматӣ ва шахсӣ даст кашида, ба нақлиёти ҷамъиятӣ, велосипед ва дигар воситаҳои алтернативии ҳаракат афзалият медиҳанд.

Интизор меравад, ки чунин чораҳо ба коҳиш ёфтани партовҳои зараровар ба атмосфера ва кам шудани сарбории ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳрҳо мусоидат кунанд.

Дар Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд, ки истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ дар давраи баргузории иқдомҳои мазкур боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин сокинони кишвар даъват карда шуданд, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шуда, бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ, автомобилҳои барқӣ ва дигар воситаҳои ҳаракати экологӣ истифода намоянд.