Зимни амалиёт сокини ноҳияи Букаи вилояти Тошканд, соли таваллудаш 1973, ҳангоми кӯшиши фурӯхтани 7 килою 685 грамм нуқраи холис ба маблағи 156 миллион сӯм дастгир карда шуд.

Муайян гардид, ки марди мазкур барои анҷом додани фаъолият дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо иҷозатномаи дахлдор надоштааст.

Аз рӯйи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо тадбирҳоро идома медиҳанд.

Ба шаҳрвандон хотиррасон карда мешавад, ки ҳангоми харидории нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъ ва пробаи онҳоро ҳатман санҷанд.

Дар бораи ҳолатҳои савдои ғайриқонунӣ ба Хадамоти амнияти давлатӣ тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар додан мумкин аст. Махфияти маълумоти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.