Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои бо тартиби муташаккилона ба корҳои мавсимӣ дар Британияи Кабир ҷалб намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо ва дурнамои густариши ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
Бино ба маълумоти Агентии муҳоҷират, дар се соли охир беш аз 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон барои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар арафаи мавсими нав ба нақша гирифта шудааст, ки намояндагони ширкатҳои оператори британиягӣ барои интихоби номзадҳо ба Ӯзбекистон сафар намоянд.
Намояндагони FWA дар бораи механизмҳои назорати риояи талаботи иҷозатномавӣ аз ҷониби операторҳое, ки коргарони мавсимиро ҷалб мекунанд, инчунин тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон маълумот доданд.
Дар навбати худ, ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои довталабон пеш аз сафар омӯзишҳо ташкил карда шаванд. Дар ин машғулиятҳо қонунгузории меҳнатии Британияи Кабир, шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ, инчунин шароити кору зиндагӣ ба онҳо фаҳмонида мешаванд.
Иштирокдорони вохӯрӣ аҳаммияти табодули маълумоти амалӣ миёни мутахассисони соҳаҳои дахлдорро барои пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон таъкид карданд.
Ҳамчунин, ҷониби Ӯзбекистон нақшаҳои марҳила ба марҳила васеъ намудани иштироки агентиҳои хусусии шуғли аҳолии дорои иҷозатнома дар раванди бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷи кишварро муаррифӣ намуд.
Намояндагони FWA қайд карданд, ки қарорҳо оид ба интихоби кишварҳо ва тартиби ҷалби коргарони мавсимӣ аз ҷониби худи операторҳо қабул карда мешаванд. Аз ин рӯ, механизми пешниҳодшудаи ҳамкорӣ ба омӯзиши иловагӣ ниёз дорад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо лоиҳаи таҷдидшудаи ёддошти ҳамкориро баррасӣ намуда, масъалаҳои омодагӣ ба имзои онро муҳокима карданд.
Ба дурнамои бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муҳандисон ва дигар мутахассисони соҳибихтисоси забони англисидон дар ширкатҳои британиягӣ низ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Ҷониби Британия изҳор дошт, ки омода аст ин пешниҳодро ба мақомоти дахлдор расонида, барои ҳамоҳангсозии машваратҳои минбаъда мусоидат намояд.