Доналд Трамп гуфт, ки парвоз аз болои ин иншоот бо ҳавопаймои Marine One дар маросими ифтитоҳи он ҳафтаи гузашта, ки дар он сафири Ӯзбекистон дар Иёлоти Муттаҳида Фурқат Сидиқов ва вазири корҳои дохилии ИМА Дуг Бургум ширкат доштанд, барои ӯ шарафи махсус буд.

Ӯ ба маҳорати баланди ҳунармандон ва заҳмати устоҳои ӯзбекистонӣ баҳои баланд дода, махсус таъкид намуд, ки айвонҳо аз чӯби 200-солаи чормағзи кӯҳӣ сохта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, устоҳои ӯзбекистонӣ чанд моҳ дур аз оилаҳои худ, аз ҷумла дар шароити номусоиди обу ҳаво, заҳмат кашидаанд. Президенти ИМА онҳоро истеъдодҳои ҳақиқӣ номид.

Доналд Трамп таъкид кард, ки ба ҷойи дар моликияти шахсии худ нигоҳ доштани айвонҳо, қарор қабул кардааст, ки онҳоро барои истифодаи умум дастрас гардонад. Ҳоло ин иншоот дар соҳили ҳавзи обии Тидал-Бейсин дар шаҳри Вашингтон ҷойгир буда, аз он ҷо ба ёдгории Ҷефферсон ва муҷассамаи Вашингтон манзараи зебо кушода мешавад.

Ҳамчунин, роҳбари Амрико изҳори итминон кард, ки пас аз ифтитоҳи Боғи миллии қаҳрамонон дар соли оянда айвонҳо ба яке аз маконҳои ҷолибтарин ва тамошобоби шаҳр табдил хоҳанд ёфт. Дар ин ҷо баргузории қабулҳои дипломатӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, аксбардорӣ дар доираи фестивали шукуфтани сакура ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

«Устоҳои боистеъдоди Ӯзбекистон воқеан ҳунармандони беҳамтои соҳаи худ ҳастанд! Онҳо ин айвонҳои зеборо бо маҳорати баланд сохтаанд. Ин иншоот воқеан таъсирбахшанд!», — навиштааст Доналд Трамп.

Президенти ИМА инчунин ба Сафорати Ӯзбекистон дар Вашингтон ва Хадамоти миллии боғҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҳамкории зич дар татбиқи лоиҳа изҳори сипос намуд.

Барои маълумот: ин айвонҳо ҳамчун туҳфаи рамзӣ ба ҷомеаи Амрико пешниҳод гардида, анъанаҳои меъмории миллии Ӯзбекистон ва маҳорати баланди ҳунармандони кишварро муаррифӣ мекунанд.