Барои маълумот: айни замон 98 фоизи кӯдакони шашсола (726 ҳазору 921 нафар) ба омодагӣ ба мактаб фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 489 ҳазору 172 нафар (66,2 фоиз) ба муассисаҳои томактабӣ, 19 ҳазору 910 нафар (2,7 фоиз) ба гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат, 2 ҳазору 836 нафар (0,4 фоиз) ба гурӯҳҳои сайёр фаро гирифта шуда, 215 ҳазору 3 нафар (29,1 фоиз) дар мактабҳо, дар синфҳои холӣ таҳсил мекунанд.
Дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб машғулиятҳоро мураббиён-педагогҳои дорои маълумоти олӣ ё донишҷӯёни курсҳои хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии таълимӣ, ки дар ихтисоси «Таълими томактабӣ» таҳсил мекунанд, мегузаронанд.