Дар чорабинӣ натиҷаҳои дар ин соҳа бадастомада баррасӣ гардида, вазифаҳои афзалиятнок оид ба тавсеаи истеҳсолот, азхуд намудани технологияҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва афзоиши иқтидори содиротӣ муайян карда шуданд.

Тавре таъкид гардид, дар даҳ соли охир дар саноати электротехникии ватанӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ба соҳа 2 миллиард доллар сармоягузорӣ равона гардида, 413 иқтидори нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Истеҳсоли беш аз 100 намуди маҳсулоти нав, аз ҷумла техникаи маишӣ, панелҳои офтобӣ, ҳисобкунакҳои электронӣ ва трансформаторҳои баландшиддат ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ дар соли ҷорӣ ба 50 триллион сӯм расид. Барои муқоиса, ин нишондиҳанда соли 2016 ҳамагӣ 1,7 триллион сӯмро ташкил медод. Ҳаҷми сармоягузории ҳамасола ба соҳа ҷалбшаванда то ба 600 миллион доллар ва содирот то ба 1 миллиарду 600 миллион доллар расонида шуд. Дар ин давра ҳаҷми содирот 14 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, роҳбари давлат таъкид кард, ки иқтидор ва имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.

Дар кишвар неругоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ, иқтидорҳои захираи энергия, инчунин иншооти бузурги саноатӣ ва инфрасохторӣ бунёд карда мешаванд. Дар даҳ соли наздик дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ амалӣ намудани лоиҳаҳо ба маблағи 450 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин барои маҳсулоти электротехникӣ бозори васеъ ва дарозмуддат фароҳам меорад.

Президенти кишвар таъкид намуд, ки дар назди соҳа на танҳо вазифаи зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, балки расидан ба ҷаҳиши бузурги технологӣ низ қарор дорад.

Масалан, то соли 2030 дар кишвар иқтидорҳои захираи энергия ба 4,5 гигаватт расонида мешаванд. Шарикони хориҷӣ омодаанд дар ин лоиҳаҳо аз маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ истифода баранд, аммо баъзе намудҳои таҷҳизоти зарурӣ ҳанӯз дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд.

Илова бар ин, талаботи солона ба дастгоҳҳои назорати видеоӣ дар бозори дохилӣ то 200 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ин нишондиҳанда аз 600 миллион доллар зиёд мешавад. Ба банкоматҳо низ талаботи зиёд вуҷуд дорад. Танҳо соли гузашта ба кишвар 9 ҳазор банкомат ба маблағи беш аз 50 миллион доллар ворид карда шудааст.

Дар робита ба ин, вазифаҳо оид ба ташкили истеҳсоли маҳаллии ин навъи маҳсулот, ҷалби технологияҳои нав ва сармоягузорон гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки дар минтақаҳои кишвар низ барои истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Тошканд татбиқи лоиҳаҳои истеҳсоли фолгаи тунуки мисӣ барои батареяҳои энергетикӣ ва электроника, дар вилояти Ҷиззах истеҳсоли инверторҳо ва таҷҳизоти пуркунандаи барқ барои автомобилҳои электрикӣ, дар вилояти Намангон истеҳсоли муҳаррикҳои электрикии каммасраф ва дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон истеҳсоли низомҳои таъминоти бефосилаи барқ ва хунуккунии серверҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, зарурати истифодаи имкониятҳо барои ташкили истеҳсоли техникаи идоравӣ ва маҷмуаҳои тайёри ноқилӣ дар Андиҷон, серверҳо, панелҳои интерактивӣ ва датчикҳои ҳассос дар шаҳри Тошканд, инчунин тахтаҳои электронии телевизорҳо дар вилояти Қашқадарё таъкид гардид.

Роҳбари давлат изҳор дошт, ки тавассути татбиқи чунин лоиҳаҳо дар баробари қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ имкони то 5 миллиард доллар расонидани содироти маҳсулоти электротехникӣ низ фароҳам меояд.

Бо ин мақсад самтҳои нави рушди соҳа муайян карда шуданд.

Дар се соли наздик дар соҳаи электротехникӣ ва бахшҳои ба он алоқаманди саноат амалӣ намудани 164 лоиҳа ба маблағи умумии 11 миллиарду 600 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Ин лоиҳаҳо шаш самти асосиро фаро мегиранд: инфрасохтори энергетикӣ; истеҳсоли маҳсулоти ноқилӣ, трансформаторҳо ва насосҳо; робототехникаи саноатӣ ва асбобсозӣ; электротехника барои нақлиёт ва автомобилҳои электрикӣ; ҷузъҳои электронӣ ва микроэлектроника, инчунин техникаи маишӣ.

Барои ҳар як самт роҳбарони масъул ва фармоишгарони асосӣ вобаста карда мешаванд. Вазифа гузошта шуд, ки сармоягузорони калидӣ ҷалб гардида, ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои техникию технологӣ тақвият дода шавад.

Бо мақсади рушди саноати баландтехнологӣ дар шаҳри Нурафшон «Маркази технологияҳои оянда» таъсис дода мешавад.

Ба корхонаҳое, ки дар ин марказ фаъолият хоҳанд кард, имтиёзҳои барои резидентҳои Парки технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) пешбинишуда татбиқ мегарданд. Ашёи хом ва ҷузъу қисмҳои зарурӣ барои истеҳсоли роботҳо, маҳсулоти электронӣ ва таҷҳизоти технологӣ аз боҷи воридотӣ озод карда мешаванд. Даромадҳое, ки аз корҳои таҳқиқотию илмӣ дар ин самтҳо ба даст меоянд, андозбандӣ намешаванд.

Бо мақсади таҳкими ҳамкории таҳқиқоти илмӣ ва истеҳсолот платформаи миллии «Саноати нав» таҳия карда мешавад. Ҳамчунин, дар ҳар як минтақа дар заминаи марказҳои таҳқиқотию коркард ё технопаркҳо майдончаҳои озмоиши маҳсулоти нав таъсис дода мешаванд. Ин майдончаҳо ба густариши ҳамкорӣ байни корхонаҳои бузурги саноатӣ ва субъектҳои соҳибкории хурд мусоидат хоҳанд кард.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарор оид ба рушди робототехника, инчунин барномаи маҷмуии дастгирии соҳаҳои асбобсозӣ ва электроникаро таҳия намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои таҳсилоти муҳандисӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳамчун шарти муҳимтарини рушди технологии саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Айни замон 20 нафар донишҷӯ ва муҳаққиқи муассисаҳои таҳсилоти олии техникии кишвар дар корхонаҳои электронии Корея таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Дар ояндаи наздик шумораи онҳо ба 100 нафар расонида мешавад.

Аз соли оянда барномаи «Ҳазор муҳандис-конструктор» оғоз мегардад. Дар доираи он мутахассисони ватанӣ барои такмили ихтисос ба Корея, Ҷопон, Чин, Туркия ва кишварҳои Аврупо фиристода мешаванд. Барои ҷалби ҳамватанони баландихтисос, ки дар ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ фаъолият мекунанд, дар кишвар шароити муносиби меҳнат ва маош фароҳам оварда мешавад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои васеъ намудани имкониятҳои молиявии корхонаҳои соҳа баррасӣ шуданд.

Тавре зикр гардид, як қатор корхонаҳои маҳаллии электротехникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои худ аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 80 миллион доллар маблағ ҷалб кардаанд. Бонк омодагии худро барои ҷудо намудани боз 2–3 миллиард доллар қарз ба корхонаҳои саноатӣ изҳор намудааст.

Бо мақсади истифодаи васеи ин имконият тадбирҳои нави дастгирӣ оид ба омода намудани корхонаҳо барои фаъолият дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ, арзёбии фаъолияти онҳо ва ҷуброни хароҷоти ҷалби мушовирони байналмилалӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, ба ҳар як корхона то 50 ҳазор доллар ҷубронпулӣ ҷудо карда мешавад.

Дар низоми хариди давлатӣ низ барои истеҳсолкунандагони ватанӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.

Айни замон дар доираи хариди давлатӣ ҳамасола ба маблағи 10 триллион сӯм маҳсулоти электротехникӣ харидорӣ мешавад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон низоми инъикоси фармоишҳои давлатӣ дар платформаи ягона ҷорӣ гардидааст. Акнун аз 1 январ нақшаҳои сесолаи хариди давлатӣ пешакӣ нашр карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар низоми хариди давлатӣ аз таҷрибаи интихоби маҳсулот танҳо дар асоси арзонтарин нархи пешниҳодшуда даст кашида, низоми ба ҳисоб гирифтани хароҷот дар тамоми давраи истифодаи он ҷорӣ карда мешавад. Дар ин равиш дар баробари арзиши харид, масрафи неруи барқ, хароҷоти таъмир, хизматрасонӣ ва истифодаи маҳсулот низ ба назар гирифта мешаванд.

Бо мақсади васеъ намудани иштироки корхонаҳои ватанӣ дар сохтмони иншооти энергетикӣ дар платформаи «Shaffof qurilish» барои лоиҳаҳои ин соҳа майдончаи алоҳида таъсис дода мешавад. Ҳамчунин, талабот нисбат ба пудратчиён бо назардошти хусусиятҳои технологии лоиҳаҳо мутобиқ гардонида мешаванд.

Механизмҳои нави ҳавасмандгардонии талабот ба маҳсулоти электротехникии маҳаллӣ дар бозори дохилӣ низ муайян гардиданд.

Дар лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика талаботи таъмини ҳадди ақал 25 фоизи ҳиссаи маҳсулоти маҳаллӣ ва барои маҳсулоти ноқилӣ 70 фоиз амал мекунад. Акнун ин талабот нисбат ба лоиҳаҳои сармоягузории дорои арзиши беш аз 10 миллион доллар, ки аз имтиёзҳои алоҳидаи андозӣ ва дигар имтиёзҳо истифода мебаранд ё аз давлат бо шартҳои имтиёзнок захираҳо мегиранд, низ татбиқ карда мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии талабот ба техникаи маишии истеҳсоли ватанӣ низоми пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ бо меъёри солонаи 18 фоиз барои харидории яхдон, мошинаҳои ҷомашӯӣ, кондитсионер ва дигар намудҳои техникаи маишии истеҳсоли маҳаллӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбари давлат пешниҳод ва ташаббусҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватаниро, ки ба рушди минбаъдаи саноати электротехникӣ равона шудаанд, шунид.