Аммо ин нишондиҳанда вобаста ба минтақа ба таври назаррас фарқ мекунад.

Тибқи таҳқиқоти маркази таҳлилии амрикоии Pew Research Center, аз рӯйи ҳиссаи хонаводаҳои соҳиби автомобил Италия дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ин кишвар нишондиҳандаи мазкур ба 89 фоиз мерасад. ИМА бо 88 фоиз дар ҷойи дуюм аст.

Дар байни ҳафт кишвари аврупоии Иттиҳоди Аврупо, ки дар назарсанҷӣ иштирок кардаанд, нишондиҳандаи миёнаи моликияти автомобилӣ 79 фоизро ташкил медиҳад. Иқтисодиёти пешрафтаи Осиё низ натиҷаҳои баланд доранд. Аз ҷумла, дар Кореяи Ҷанубӣ 83 фоиз ва дар Ҷопон 81 фоизи аҳолӣ соҳиби автомобил мебошанд.

Кишварҳое, ки ҳиссаи баландтарини соҳибони автомобилро доранд:

1. Италия — 89 фоиз. Дар садри раддабандӣ қарор дорад. Сатҳи баланди автомобилкунонӣ аз анъанаҳои деринаи автомобилсозии кишвар ва нақши муҳими нақлиёти шахсӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон шаҳодат медиҳад.

2. ИМА — 88 фоиз. Масофаҳои тӯлонӣ ва инфрасохторе, ки ба ҳаракати автомобилҳо мутобиқ карда шудааст, ба густариши истифодаи нақлиёти шахсӣ мусоидат мекунанд.

3. Олмон — 85 фоиз. Ин кишвар дорои саноати пешрафтаи автомобилсозӣ ва шабакаи васеи роҳҳо буда, истифодаи автомобилҳои шахсӣ дар он хеле маъмул аст.

4. Фаронса — 83 фоиз. Нишондиҳандаи баланд ба шабакаи густурдаи роҳҳо ва нақши назарраси автомобил дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ вобаста мебошад.

5. Кореяи Ҷанубӣ — 83 фоиз. Паҳншавии васеи автомобилҳои шахсӣ бозгӯи рушди босуръати иқтисодии кишвар ва талаботи зиёди аҳолӣ ба имкониятҳои ҳаракату нақлиёт мебошад.

6. Малайзия — 82 фоиз. Бо вуҷуди дастрас будани нақлиёти ҷамъиятӣ, автомобилҳои шахсӣ ҳамоно яке аз воситаҳои маъмули ҳаракат ба шумор мераванд.

7. Ҷопон — 81 фоиз. Сатҳи баланди автомобилкунонӣ ба рушди саноати автомобилсозӣ ва ҳамчунин зарурати истифодаи нақлиёти шахсӣ, бахусус дар деҳот, вобаста аст.

Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф инчунин Лубнон бо нишондиҳандаи баробари Ҷопон, Испания бо 79 фоиз ва Юнон бо 76 фоиз дохил мешаванд.

Дар ин бора сомонаи naked-science.ru хабар медиҳад.